Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳи тоҷикон

Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, яке аз ҷашнҳои бузургу муҳташами миллати мо маҳсуб меёбад. Ин ҷашн, ки нодиртарин падидаи хиради инсонӣ ва эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо мурури замон ҳар лаҳзаву ҳар соат дар назари мардуми кишвари маҳбубамон ва ҷаҳониён эътибори тоза пайдо менамояд. Зеро маҳз ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо дар фазои созандагиву бунёдкорӣ зиндагӣ ба сар мебарем ва ҳамчун як узви ҷудонашавандаи ҷомеа баҳри таҳкиму ташаккули давлати демократию дунявӣ камар бастаем.

Солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик дар асоси васвасаву макру дасисаи сиёсатбозони ғаразҳоҳ, ки миёни фарзандони миллати тоҷик тархезӣ ёфта буд, бо садҳо азобу азият ва қурбониву машаққат ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин тарҳи хонумонсӯз барои нестии миллати тоҷик амалӣ мегардид. Барои миллати тоҷик, ки бар асари ихтилофоти гуногун ва таъсири ҷанги таҳмилӣ пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, идеалогияи ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ идеалогияи аз ҳама асосӣ ба шумор мерафт. Масъалаи барои халқи тоҷик ҳаётан муҳим-ба даст овардани ризоияти миллӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар мадди аввал гузошта мешуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доман густурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳам барои аз байн бурдани ин миллати қадимтарин ва соҳибтамаддуни тоҷикон тарҳрезӣ шуда буд. Дар он замор шаҳрвандони кишвар як гуруҳ ҳаракатҳои сиёсии худро ташкил намуданд ва ҳар яке аз онҳо мехостанд, ки кишварро ба хости худ тақсим кунанд ва аз он манфиат гиранд ва ҳамин тавр, ба “хоҷагони хориҷӣ”-и худ хидмат мекарданд. Алалхусус, аз ин корҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ бисёр манфиат меҷустанд ва ба онҳо давраи нави амалӣ кардани ҳадафҳо фаро омада буд. Он ҳама ҳизб, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳо дар назди худ “ҳадафҳои” мушаххаси худро гузошта, мехостанд, кишварро ду пора кунанд.
Табиати сулҳҷӯёна ва хислатҳои миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард ва баъзе гуруҳҳои солимфикр ҳушёрӣ, зиракии сиёсии худро истифода намуда, кишварро аз вартаи нестшавӣ эмин нигоҳ доштанд. Махсусан бо идоракунии моҳиронаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро нагузошт, ки ду порча шавад. Ин як навъ оқили ва хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро инъикос мекунад. Махсусан, ба зимма гирфитани вазифаи роҳбарӣ дар он замон кори саҳлу осон набуд ва на ҳар кас ин вазифаро ба уҳда мегирифт. Дар он замони ҳасос маҳз, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми гурезаву бесарпаноҳмондаи тоҷикро танҳо нагузошт ва бо савганди нахустини худ ба мардум як руҳияи наву умедбахш ато намуд.
Санади муҳим ва ҳалкунандаи тоҷикон барои ҳамбастагиву ҳамгироӣ ин- “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” мебошад, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо талошҳои ин марди наҷиб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад!.
Бешак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бунёдгузори ваҳдати миллӣ номид. Чун ҳамаи он талошҳо ва ҷонбозиҳояшонро таърих собит сохтааст.
Хуллас, эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа иборат аз он буд, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора –пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшид.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи махсуси худро пайдо кардааст.
Моро зарур аст, ки ба қадри тинҷиву амонӣ бирасем ва дар ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ саҳми муносиб гузошта, нагузорем як бадхоҳону душманони миллат бо тинати ғаразноки худ имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма аз хориҷи кишвар хусумат ва таассуб варзанд ва ба сулҳу ваҳдати мо халал бирасонанд.
Мо-ҳамагон бояд таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шинохта, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳаббати беназири худ ба Ватану миллат аз сари сидқу садоқат хидмат намоем.

Раиси суди нохияи Темурмалик Хукуматзода Мухаммад