Истифодаи оқилонаи барқ — қарзи шаҳрвандӣ

Вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягӯзории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои муассир андешанд. Бо назардошти он ки талабот ба истифодаи энергияи барқ дар тамоми соҳаҳои иктисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз мёафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти бештар дод.

“Рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир моро водор месозад, ки дар тамоми зинаҳо, аз ҷумла истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодаи барқ тадбирҳои иловагӣ андешем”. Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид карда шуд.

Таҷриба нишон дод, ки пешгирӣ кардан аз талафоти нерӯи барқ бо роҳи ошкор кардан ва ба ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот нерӯи барқро истифода мебаранд, имконпазир мебошад. Бо ҳамин назардошт санаи 15 апрели соли равон Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Дар асоси тағйиру иловаҳои нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, барои дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарӣ пешбинӣ карда, барои чунин кирдор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 27375 сомонӣ) то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 41025 сомонӣ) ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол муқаррар карда шуд. Ҳамчунин, агар аз чунин кирдор бо расонидани зарар ба миқдори калон ё аз ҷониби шахе бо истифода аз мақоми хизматӣ ё ин ки аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, пас ҷазо барои чунин кирдор дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 60000 сомонӣ) то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 90000 сомонӣ) ё бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ гардидааст. Агар кирдори зикргардида бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол муайян карда шудааст.

Дар баробари ин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар асоси он барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, ҳудсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани асбобҳои андозагирӣ, инчунин дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят чунин муқаррарот ворид шуд. Яъне ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 1500 сомонӣ) то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 2250 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 2250 сомонӣ) то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 3750 сомонӣ) ва ба шахсони хуқуқӣ аз 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 15000 сомонӣ) то 300 нишондиҳанда барои, ҳисобҳо (баробар ба 22500 сомонӣ) ҷарима муқаррар карда мешавад.

Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи нерӯи барқ, маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт соат нерӯи барқи барои ҳама зарурӣ роҳ надиҳанд.

Судяи суди нохияи Темурмалик Амирчонзода Саидчон Амирчон.