(Бархам хӯрдани оилаҳои ҷавон ва оқибатҳои он дар ноҳияи Темурмалик)
Имрӯзҳо, дар ноҳияи Темурмалик ва умуман дар ҷомеаи мо, мушоҳида мешавад, ки шумораи оилаҳои ҷавоне, ки бо ҳар сабабе барҳам мехӯранд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Чунин ҳолатҳо, ки гоҳо бо ҷанҷол, қасосгирӣ ва муносибатҳои пуртаниш миёни ду ҷониб анҷом меёбанд, бештар аз ҳама фарзандони хурдсолро осебпазир ва саргардон мегардонанд.
Ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ дар мурофиаҳои судӣ, вақте ки фарзандони ҷудошавандаро пурсон мешавем, ки бо кӣ мондан мехоҳанд — бо падар ё бо модар — онҳо бо чашмони пуроб ва дили шикаста мегӯянд: «Мо ҳардуяшонро дӯст медорем…». Ин як ҷумлаи кӯтоҳ, вале фиғонест, ки аз қаъри дили ҳар як фарзанде мебарояд, ки миёни муҳаббати ду ҷони азиз ҷудо мондааст.
Мутаассифона, дар чунин ҳолатҳо на танҳо падару модар, балки бобову бибиҳо, кудоҳо ва хушдоманҳо низ на ҳамеша нақши мусбат мебозанд. Бисёр вақт, онҳо на кӯшиш ба оштии ду ҷони ҷавон мекунанд, балки бо суханони дурушт, таънаҳои беҷо ва дахолати беандеша, оташро бештар аланга мезананд. Кӯдаке, ки бояд дар муҳити орому меҳрубонӣ рушд кунад, ба як абзори қасос ва низоъ табдил меёбад.
Оё ин адолат аст, ки фарзанд бо азоб ва дили пуркина ба яке аз волидайнаш боқӣ монад? Оё ин инсоф аст, ки кӯдаки бегуноҳ қурбонии низои калонсолон шавад? Вақте ки кӯдакон оҳиста-оҳиста ба воя мерасанд, дар вуҷудашон холигие мемонад, ки онро на молу мулк пур карда метавонад ва на муҳокимаҳои судӣ. Он холигӣ — муҳаббати нопурраи падару модар аст.
Ба ҷои ҷудоӣ ва нафрат, чаро кӯшиш накунем, ки ба хотири фарзанд, ба хотири насли оянда, ба якдигар муҳаббат ва эҳтиром нишон диҳем? Дар ҷомеаи суннатии мо, ки арзишҳои оиладорӣ ва пиронсолӣ ҷойгоҳи хос доранд, бояд ҳама — падару модар, бобову бибӣ, ходимони дин ва намояндагони ҷомеа — барои ҳифзи оила ва сулҳу созиш талош кунанд.
Фарзанд ҳақ дорад бо ҳарду падару модараш бошад. Вақте оила барҳам мехӯрад, ин ҳақро аз ӯ наметавон гирифт. Агар мо — калонсолон — каме боақлтар, сабуртар ва дилсӯзтар бошем, фарзандон дар муҳити солим ва пур аз муҳаббат ба воя мерасанд. Ҳеҷ мурофиа, ҳеҷ қарори суд ва ҳеҷ дахолати тарафҳои сеюм наметавонад ҷойгузини меҳру муҳаббати ду падару модар гардад.
Ёд дошта бошем: фарзанд қурбонии ҷудоӣ нест — ӯ оинаи муҳаббати нониҳода аст.
Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки ҳарду падару модарашро дӯст дорад ва аз онҳо муҳаббат бигирад — на шикаст ва сӯзиш.
Судяи суди нохияи Темурмалик: Амирчонзода Саидчон Амирчон