КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъбири аксари коршиносони ҷаҳонӣ яке аз демократитарин қонунҳои асосии олам аст, ки дар он инсон ва манфиати ў арзиши олӣ ва нотакрор шинохта шудааст.
Тоҷикистон Кониститутсияи худро 6 ноябри соли 1994 ум тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он тамоми ҳайёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фархангӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самтҳои фаъолияти сиёсати дохиливу хориҷиро муаян ва дар бобу моддаҳои он ба таври мукаммал дарҷ гардидаанд.
Дар ин қонуни асоси якпорчагии давлату миллат ва манфиатҳои он, эъмору ташаккули давлати навин ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва дуниявиву ягона дарҷ шудааст.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқарароти муаяннамудаи Кониститутсия дар кишвар ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амал мекунад, ки пешбурди тамоми соҳаҳоро муаян ва пеш мебаранд.
Тибиқи сарсатрҳои Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боб ва моддаҳои он зикр шудааст, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кафили хифз ва ҳимояи ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.
Зикр кардан ба мавридаст, ки бо рушд ёфтани ҳайёти ҷамъияти дар Тоҷикистон, ба Кониститутсияи кишвар се маротиба тағиру иловаҳо ё ислоҳот ба тариқи райъпурсии умумимиллӣ дар солҳои 1999-2003 ва соли 2016 ум гузаронида шуд, ки ин тағиру иловаҳои ба Кониститутсия ворид карда шуда, заминаҳои нави рушди ҷомеаи демократии адолатпарварро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт.
Дар асоси боби 8 ва моддаи 87- уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳокимияти судӣ дар кишвар мустақил буда, аз давлат ва аз тарафи судияҳо амали карда мешавад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин қонунномаҳои асосии сатҳи ҷахонӣ аст, ки дар он ҳуқуқу озодии ҳар шахс дар ченаки олӣ муайян шуда, кафолати тамоми озодиҳоро барои ҳар як сокини саодатманди кишвар додаст.Ин аст, ки коршиносон мавҷудияти арзишмандии ҳуқуқи инсонро дар Кониститутсия тафсир мекунанд.
Ба қавли коршиносон, имрўз метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва ба хотири боло бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун кишвари ислоҳотгару адолатпарвар дар арсаи чаҳонӣ метавон шинохт.
Рушди ҷавонон ва ташаккули шахсияти онҳо дар айёми пуршуру пуршарари ҷавонӣ яке аз масоили муҳиме мебошад, ки дар доираи озодии комил дар чаҳорчўбаи меъёрҳои қонунӣ рисолати созандагиро касб мекунанд.
Аксарияти коршинросон ва ҷавонони кишвар бар он боваранд, ки Конистиутсияи ҶТ кафили озодии рушди шахсияти ҷавонон ва таҳриқдиҳандаи онҳо ба суи саодати зиндагиву дурнамои зиндагии гуворо аст.
Дар маҷмуъ ёдовар шудан ба мавридаст, ки Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти 29 солаи амалкарди худ, дар пешбурд ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши муассири худро гузошта, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зиндагии арзанда ва фаъолияти озодонаро фароҳам овардааст.
Дар воқеъ Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандон ва таъсирбахш дар ҳаёту рўзгори онҳо мебошад.

Ҳукуматзода М.М.
Раиси суди ноҳияи Темурмалик