ПАРЧАМ — РАМЗИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Муқаддасоти миллӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишони соҳибихтиёрӣ тасдиқ гардид.
Дар радифи муқаддасоту рамзҳои миллию давлатдорӣ парчам мавқеи меҳвариро дар ҳама давру замон ишғол менамояд. Парчам ифодагари соҳибихтиёрӣ ва инъикосгари таърих, тамаддун, давлатдорӣ ва орзуву ормони ҳар миллат маҳсуб меёбад.Дар асоси моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, яке дигареро пурра гардонида, нишона аз давлатдории муосири мо мебошанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлати Тоҷикйистон, ҳамчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайати давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудаи Ҳукумати Ҷмуҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Парчам дар фаъолияти ҳар як давлату миллат нақши хос ва мавқеи худро дорад. Маҳз аз вуҷуди парчами давлатӣ ному нишони ҳар як миллат ҳувайдост. Соли 2009 дар ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муқаррар намудани рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдор дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Маҷлиси Олӣ мамлакат пешниҳод намуда, қабул гардид.
Парфашонии парчам вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчам – ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва мустақилияти миллӣ тамоми шаҳрвандони кишварро новобоаста аз маҳал, вазъи иҷтмоию иқтисодӣ ва сину сол ба сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии комил баҳри созандагӣ ва зиндагии шоиста даъват мекунад.

Амирҷонзода Саидҷон Амирҷон
Судяи суди ноҳияи Темурмалик