ТЕРРОРИСТОН БА МАҚСАДИ НОПОКИ ХУД ҲАРГИЗ НАХОҲАНД РАСИД

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин шароити хатарзо ва пуртаҳдид нигоҳ доштани муқадасоте ба монанди истиқлолу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, ба ҳар давлат ва миллат муяссар намешавад. Маҳз миллате метавонад дар чунин ҳолат аз худ ва давлати худ ҳимоят намояд, ки дорои ҳуввият ва худшиносии миллӣ бошад. Ба ибораи дигар, ягона силоҳе, ки давлати миллӣ ва манфиатҳои онро метавонад беосеб нигоҳ дорад, ин танҳо дараҷаи баланди худшиносии миллии шаҳрвандон аст.
Чунончӣ, солҳои охир аъзои фаъоли ташкилоти террористи-экстремистӣ “Давлати исломӣ” аз бетаҷрибагӣ ва надоштани маълумоти кофии динии ҷавонон истифода намуда, бо усулҳои гуногун онҳоро барои ҳамроҳ шудан басафи ин ташкилот ташвиқу тарғиб менамояд, ки дар ниҳоят боиси бесаробон мондани оилаҳои ҷавон, нигаронии аҳли ҷомеа, давлат ва дигар паёмадҳои манфӣ мегардад.
Албатта, терроризм ва экстремизм бавуҷудовардани фазои хавф ва тарсу ҳарос мебошад. Бешубҳа, дар ҷомеа кӯдакон, нарасон, ҷавонон, пирон-намояндагони синну соли гуногун фаъолият ва кору зиндагӣ доранд. Ба ҳар кадоме аз инҳо ба шаклҳои мухталиф таъсири манфӣ расонида мешавад. Яъне, ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҳар роҳу восита зарари хешро мерасонанд. Набояд фаромӯш кард, ки терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ кас раҳм надорад. Муқаддасотро намешиносад ва эътироф намекунад.
Имрӯз ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст бо зоҳир кардани ҳамбастагӣ, ваҳдати миллӣ, дарки давлатмеҳварӣ, ҳифзи исиқлолу озодии кишвар, масъулиятшиносӣ дар баробари ояндагон аз тамоми таҷрибаи кишварҳое, ки ба чунин хатар мувоҷеҳ шуда, устуворона дар муқобили он истодагарӣ карда, пирӯз берун омадаанд. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд аз таҷрибаи ибратомӯзи дигар давлатҳои ҷангзада, дуруст истифода намоем ва давлату миллати худро қавӣ гардонем.

Амирҷонзода Саидҷон
судяи суди ноҳияи Темурмалик