ТЕРРОРИСТОН ДИН, МАЗҲАБ, ИМОН НАДОРАНД

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар замони муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба ном дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.

Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳдидҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонида, боиси бехонаву дар, Ватан-Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва халқу давлатҳо шудааст.

Инчунин, ташкилотҳои террористӣ бо мақсади даҳшатафканӣ руҳияву иродаи одамон аз шеваҳои ваҳшиёнатарину касношунид, аз ҷумла ба таври оммавӣ тирборон кардан, дар назди издиҳоми одамон сар буридан, дар қафаси оҳанин зинда сӯзонидан, аз тан ҷудо кардани сар, паронидану ғарқ намудан, таҳқиру фишор овардани занону духтарон ва дигар корҳои ношоям истифода мекунанд. Бо мақсади тарс додану пароканда кардан, мехоҳанд сохторҳои қудратию артиш ва низоми давлатдориро ба дӯши худ гиранд.

Пайдост, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бештар ҷавононро, ки нерӯи тавонои ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд, ба доми худ меандозанд. Қисмати зиёди ҷавонони гумроҳ аз мақсадҳои нопоки онҳо ғофил гардида, гумонҳои хом мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст оварда, дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд. Ҷавононро мебояд, аз ин гуруҳои террористон худдорӣ намуда, худ ва наздиконашонро ҳаргиз дар хатар нагузоранд.

Ҳукуматзода М. М.
Раиси суди ноҳияи Темурмалик